scieee AI-readable full text Open interactive document viewer

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ДАР АМСОЛ ВА ҲИКАМИ «ҶАМҲАРАТУ-Л-АМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ

Максудов Умед Олимович

Abstract

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ДАР АМСОЛ ВА ҲИКАМИ «ҶАМҲАРАТУ-Л-АМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ

Full text

68 САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ДАР АМСОЛ ВА ҲИКАМИ «ҶАМҲАРАТУ-ЛАМСОЛ»-И АБӮҲИЛОЛ АЛ-АСКАРӢ ХУДОЖЕСТВЕННОЕ МАСТЕРСТВО В ПОСЛОВИЦАХ И ПОГОВОРКАХ «ДЖАМХАРАТ АЛЬ-АМСАЛЬ» АБУХИЛЯЛЯ АЛЬАСКАРИ LITERARY FIGURES IN THE ARABIC PROVERBS OF “JAMHARAT ALAMTHAL” OF ABUHILAL AL-ASKARI Максудов Умед Олимович доктор филологических наук, доцент кафедры теории перевода английского языка, Университет мировых языков Узбекистана Аннотация. «Джамхарат аль-амсаль» Абухиляля аль-Аскари имеет большое научное значение как достоверный и авторитетный источник по изучению арабских пословиц и поговорок. В данной статье показано высокое мастерство Абухиляля аль-Аскари с использованием художественного мастерства в сборнике «Джамхарат альамсаль». Ключевые слова: арабская литература, пословицы, поговорки, Абухиляль аль-Аскари, «Джамхарат аль-амсаль», художественное мастерство, анализы. Abstract. “Jamharat al-Amthal” of Abuhilal al-Askari is a great scientific importance as an authentic and authoritative source for the studies of the Arabic Proverbs and Sayings. In theis article it is shown the high literary talent of Abuhilal al-Askari on using the literary figures in “Jamharat al-Amthal” Keywords: Arabic Literature, proverbs, sayings, Abuhilal al-Askari, “Jamharat al-amthal”, literary figures, analyzes. Корбасти санъатҳои бадеӣ дар амсол ва ҳиками арабӣ аз сӯи адибон ва шоирони араб бо мақсади ороиш ва муассир гаштани сухан амалӣ мешавад. Амсол ва ҳикам аз ҷумлаи маъмултарин жанри фолклор ба ҳисоб рафта, маҳсули зинаи баланди тафаккури бадеӣ ва ҳаёти маънавии халқ мебошад. Афкори бикр, ғояҳои олию мӯҷаз, фасоҳати сухан, маонии амиқи ҳаётӣ, вусъату жарфои андеша, дурандешии файласуфона, хулосаву ҷамъбаст, ҳикматпарастӣ, саҳли мумтанеъ ва ғ. аз ҷумлаи хусусиятҳои амсол ва ҳикам аст. Абӯҳилол ал-Аскарӣ дар «Ҷамҳарату-л-амсол» аз санъатҳои бадеӣ моҳирона ва фаровон истифода бурда, табъу ҳунари баланди эҷодкории худро ба намоиш гузоштааст. Донишмандони араб санъатҳои бадеиро фасоҳату балоғати калом ва асолати зебоӣ гуфтаанд. Асоси сухани бадеиро санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ ташкил дода, аз ҷумла ташбеҳ, маҷоз, истиора, киноя, таҷнис, иштиқоқ, тарсеъ, талмеҳ, таҷоҳули ориф, иҳом, тарсеъ, тавсиф, тақсим, мусаҷҷаъ, такрир ва луғз аз рукнҳои умдаи санъатҳои бадеӣ маҳсуб мешаванд. 69 Бо такя ба андешаи бадеънигорон санъати ташбеҳ монанд кардани чизе ба чизи дигар аст (1, 62). Яъне, адиб барои тасвир кардани чизе, ягон хусусияти онро ба чизи дигар монанд мекунад. Санъати ташбеҳ барои равшан ва зебо ифода намудани ягон лавҳаи бадеӣ хизмат мекунад. Ташбеҳи мутлақ, ки ташбеҳи сареҳ низ мегӯянд, соддатарин навъи он аст, ки бо адот меояд: ارْحِسَل ِناَيَبْلا َنِم َّنإ (1, 13). Тарҷума: Дар ҳақиқат баён - сеҳр аст. Аз тарҷумаи зарбулмасали боло равшан мегардад, ки суханҳои зебову дилчасп ва тарзи баён касро сеҳру ҷоду мекунад. Адиб қайд мекунад, ки вожаи « رْحِس» дурӯғро ба ҳақиқат монанд кардааст. Калимаи « ِناَيَبْلا» ба маънои суханҳои мӯҷаз, ибораҳои пурмӯҳтавову зебо, нишонрас, ҷозибанок ва мукаммал корбурд шудааст. Яъне, муаллиф каломи зебову нерӯи суханро ба сеҳр ташбеҳ додааст. Каломи мавзуну сухани бамавқеъ чун сеҳр таъсирбахш аст. Илова бар ин, дар зарбулмасали зерин « ِناَيَبْلا» (баён) ба «رْحِس» (сеҳр) ташбеҳ шуда, ҳарфи «ل» ба ҳайси адоти ташбеҳ истифода шудааст, ки онро ташбеҳи кушода мегӯянд. Ё худ ин навъи ташбеҳро адабиётшиносон ташбеҳи ақлӣ низ номидаанд. Зарбулмасали халқии «Сухани ширин морро аз хонааш берун меорад» дар байни тоҷикон роиҷ буда, муодили зарбулмасали боло аст. Тазод ва муқобала. Яке аз пуртаъсиртарин воситаҳои тасвироти бадеӣ ҳамоно муқобил гузоштани ду фикр ба ҳамдигар аст ва ё бо таъбири дигар гӯем, сифат ва хислатҳои ду кас ва ё ду чизро ба таври муқоиса ба ҳам муқобил гузоштан аст, ки санъати тазод ва муқобила меноманд: ًاراَيِخ ِّرَّشلا ِيف َّنإ (1, 67). Яъне: Дар ҳар амали бад - некиҳо пинҳон аст. Дар масали боло калимаи « رَّشلا» (бад) акси « اراَيِخ» (некиҳо) омадааст. Яъне, санъати тазод ва муқобала истифода шудааст, зеро корбурди вожаҳои неку бад далели он аст. Муқоиса шавад: Поёни шаби сияҳ сапед аст. Аз паи ҳар шом субҳе ҳаст. Оқибати торикӣ рӯшноист. Ҳар ғамеро шодӣ дар пеш аст. Аз паи ҳар гиря охир ханда. Маҷоз ва киноя воситаҳои баёни мухайял ҳастанд ва дар бадеияти зарбулмасал саҳми бузург доранд. Агар калима ё калом илова ба маънии аслии худ маънои дигаре низ дошта бошад, онро киноя меноманд (2, 90). Муаллиф барои тақвияти даъвояш аз зиндагии иҷтимоӣ, таҷриба ва амалияи ҳаёти шахсӣ мисол меорад, ки ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. Мисол: (1, 197) َّنإ َثاَغُبلا اَنِضْرَأب ُرِسْنَتْسَی Тарҷума: Ҳақиқатан паррандаи назарнорас дар диёрамон ба мисли уқоб мегардад. 70 Вожаи « َثاَغُبلا» (паррандагони назарнорас) ба маънои хеш наомада, балки киноя ба инсон аст. Ҳикмати зарбулмасали зерин ин аст, ки шахс баъди заъфу нотавонӣ пурзӯру тавоно мегардад. Яъне, дар кишвари мо инсони оддӣ пас аз фурсати муайян чун уқоб баландмартабаву баландпарвоз мегардад. Дар зарбулмасали минбаъд се санъат истифода шудааст. Яке аз пуртаъсиртарин воситаҳои бадеӣ муқобил гузоштани ду фикр аст, ки онро санъати тазод ва муқобала меноманд (1, 99). Такроран овардани калима ё таркиберо дар шеър ё наср санъати такрир мегӯянд (2, 162). (1, 345) َدِیدَحْلا ِدِیِدَحْلاب حَلْفُی Тарҷума: Оҳанро бо оҳан мекӯбанд. Калимаи « دیدحلأ» (оҳан) ду маротиба такрор шудааст, ки он хусусияти санъати такрир аст. Ин ҷо санъати киноя низ истифода шуда, зарбулмасал кинояомез гуфта шудааст. Ин қабил зарбулмасалҳо дар адабиёти тоҷик низ дида мешавад: Хунро бо хун мешӯянд. Хунукиро хунукӣ мебурад. Санъати тазод ва муқобила бори дигар дар зарбулмасали поён моҳирона истифода шудааст: ةوقش نسحلا يف نإ (1, 66). Тарҷума: Дар ҳар амали нек бадиҳо пинҳон аст. Дар ин зарбуласал вожаи « نسحلا» (хуб, нек) бар калимаи «ةوقش» муқобил гузошта шудааст. Ба ин маънӣ, зарбулмасалҳои зерин миёни тоҷикон серистеъмоланд: Аз паи ҳар нӯше неше. Аз паи ҳар шодӣ бувад ғам. Аз паи ҳар сур бувад ғам. Дар зарбулмасали баъдӣ бори дигар санъати истиора истифода шудааст. يِراَد ْعِبَأ ْمَلَو يِراَج ُتْعِب (1, 219). Яъне: Ҳамсояамро фурӯхтам, аммо хонаамро не. Дар мисоли боло ибораи «يِراَد ْعِبَأ ْمَل» (Хонаамро нафурӯхтам) кинояи наздик буда, аммо « ُتْعِبيِراَج » (ҳамсоаамро фурӯхтам) ба маънии дур аст. Зеро зеҳни шунаванда аввал ба маънии наздик, сониян ба маънии дур меравад. Байни тоҷикон ин қабил зарбулмасалҳо роиҷ аст: Хона нахару ҳамсоя хар. Хона интихоб макуну ҳамсоя интихоб кун. Истиора аз ташбеҳ мӯҷаз ва барҷастатар буда, дар ифодаи эҳсосот ва тасвири ягон лавҳаи ҳаёт ва табиат беҳтарин воситаи бадеӣ мебошад. (1, 278) ُبِراَجَّتلا ْ تَسْيَل اَهَل ،ٌةیاَهِن ُءْرَملاَو اَهْنِم يِف َداَیِز ة Тарҷума: Таҷрибаи ҳаётӣ охир надорад, шахс ҳамеша инкишоф меёбад. Дар масали боло исми истиорашаванда зикр нагардида, ба ҷои он сифат, хулқ, хислат ва аломат ба соҳибистиора равона аст. Дар ибораи « اَهَل ْ تَسْيَل ُبِراَجَّتلا 71 ٌةیاَهِن» - (Таҷрибаи ҳаётӣ охир надорад) вожаи « ُبِراَجَّتلا» (таҷрибаи ҳаётӣ) сифати шахс буда, « ُءْرَملا» (мард, шахс) ба ӯ равона шудааст. Муодилҳои тоҷикӣ: Хонед, хонед боз хонед! Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз! Аз донишманд мапурс, аз корафтода пурс. Гоҳе нависанда дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳадди табиӣ мебарояд, онро калонтар ва ё хурдтар тасвир намуда, дар таъриф ба болотарин нуқта мерасонад ё пасттарин дараҷа мефарорад, ки онро муболиға меноманд (2, 92). يِقاَوَّزلا َنِم ُلَقْثَأ (1, 293). Нохуштар аз овози хурӯс. Овози хурӯс « يِقاَوَّزلا» бо калимаи « َنِم ُلَقْثَأ» (хохуштар) муболиға шудааст. Муҳаммад ибни Қудома ном шахсе ба фаҳми маънии ин зарбулмасал нарасида, аз ал-Фаро ном шахсе мепурсад. Аммо он шахс ба суоли ӯ посух намегардонад ва ногаҳон яке аз ҳамсӯҳбатон қайд мекунад, ки арабҳо одатан шабона сӯҳбат мекунанд ва ҳангоме ки хурӯс садо мебарорад, овози ӯ писанд намеояд. Зеро онҳо намехоҳанд сӯҳбатро қатъ намоянд. Муқоиса шавад: Аз тарс дилкаф шудан. Аз ҷон безор шудан. «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ аз зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат ва қиссаҳои ибратомез бой буда, ба тариқи санъатҳои бадеӣ тасвир шудаанд. ارْحَب وَأ ًاكِلَمرْوِاَج (1, 301). Яъне: Ё шоҳро ё ба баҳр ҳамсоя бош. Калимаҳои « ًاكِلَم» (шоҳ) ва « رْحَب» (баҳр) аз ҷиҳати маъно аз ҳам дур буда, аммо дар зардулмасали мавриди назар калимоти мазкур дар як маънӣ корбаст шудаанд. Ин ҷо санъати иҳом хуб истифода шуда, барои пардапӯш ва афзудани латофати каломи бадеӣ корбурд шудааст (1, 169). Санъати тасвия ба як савияи баробар овардан аст. Ин навъи ташбеҳро муздаваҷ ва муставӣ ҳам гуфтаанд. Дар мисоли зерин санъати тасвия хуб истифода шудааст: لوهجلا ةيطم ميلحلا (1, 351). Тарҷума: Шахси ҳалим шунавандаи ҷоҳилон аст. Дар зарбулмасали зерин вожаи « ميلحلا» (шахси ҳалим) бо «لوهجلا» (ҷоҳилон) мусовӣ аст. Гӯяндаи зарбулмасал шахси ҳалимро ба шахси нодон монанд кардааст. Миёни тоҷикон зарбулмасалҳои зерин роиҷанд: Душмани доно беҳ аз дӯсти нодон. Девона гурез, ки маст омад. Одами суст аз ҷаннат маҳрум мондааст. Душмани доно, ки паи ҷон бувад. Беҳтар аз он дӯст, ки нодон бувад. 72 Аз дӯстони нодон, душмани доно беҳ. Дар зарбулмасали поён санъати тазод ва муқобала ҷой дорад: ٌجَلْجَل ُلِطاَبلاَو ُجَلْبَأ ُّقحلا (1, 364). Яъне: Ҳақиқат равшан аст, аммо дурӯғ торик. Ибораҳои « ُجَلْبَأ ُّقحلا» (ҳақиқат равшан аст) ва « ٌجَلْجَل ُلِطاَبلا» (дурӯғ торик аст) ба ҳам зид гузошта шуда, тавассути санъати тазод ва муқобала тасвир шудааст. Муодили тоҷикӣ: Ростро завол нест. Ҳақиқат ҳамеша рӯи об барояд. Дурӯғ бефурӯғ аст. Дурӯғ пой надорад. Дурӯғ ризқро мебарад. Санъати киноя дар зарбулмасали поён хуб корбаст шудааст: نمدلا ءارضخو مكایإ مهلوق (1, 17). Гуфтаанд: қунғуз болои гули зебо нишинад. Муаллиф зарбулмасали болоро чунин шарҳ додааст: «Кас набояд ба ашёи зоҳиран зебо ё зани зебо дил бандад, зеро ҳар чизи зоҳиран зебо, метавонад ботинан нохуш бошад» (1, 17). Ибораи «نمدلا ءارضخ» (қунғузи болонишин) киноя аз чизи зебову ботинан нохуш аст. Муодили тоҷикӣ: Дар зоҳир меш, дар ботин гург. Дар сар шапка, дар дил салла. Зоҳир аз шайху ботин аз шайтон. Зи рӯи забон меҳрубонӣ кунад, Вале кинаҳои ниҳонӣ кунад. Санъати тазод ва муқобила дар мисоли поён хуб корбаст шудааст: طقسأف طرفأ مهلوق (1, 19). Тарҷума: Гуфтаанд: бисёр сухан гуфт, пас зиёд беҳуда гуфт. Ин ҷо вожаҳои «طرفأ» ва « طقسأ» ба ҳам зид гузошта шудаанд. Яъне, бисёр сухангӯӣ ба беҳудагӯӣ муқобил гузошта шудааст. Зарбулмасалҳои тоҷикӣ: Аввал андеша, баъд гуфтор. Хомӯшӣ аз каломи бехуда беҳ. Аввал фикр, он гаҳ амал. Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор. Пойбаст омадаасту пас девор. Агар сухан зар аст, сукут гавҳар аст. Агар гуфтан сим аст, хомӯшӣ зар аст. Даҳони баста ҳазор тилло. Зарбулмасал тавассути санъати киноя хуб тасвир шудааст: حبصم هنإف نيقلا ىرسب تعمس اذإ مهلوق (1, 23). Яъне: Гуфтаанд: агар оҳангар нақламро бишнавад, пас ҳолаш равшан гардад. 73 Зарбулмасал барои ашхосе гуфта шудааст, ки эшон ба дурӯғгӯӣ ва ё садоқат миёни мардум шинохта шудаанд. Вожаи « نيقلا» (оҳангар) ба шахси фиребгар киноя шудааст. Муодили тоҷикӣ: Дурӯғгӯ агарчӣ гувоҳии рост диҳад, напазиранд. Дурӯғ одамиро кунад бевиқор, Дурӯғ одамиро кунад шармсор. ءافخلا حرب مهلوق (1, 205). Яъне: Гуфтаанд: пӯшида гузошт. Ин ҷо калимаи « ءافخلا» ба маънии сир (асрор) омадааст. Адиб шарҳ медиҳад, ки сирро ҳарчанд махфӣ нигаҳ дорем, аммо он рӯзе фош мешавад. Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса ҳосил мешавад, ки санъати иҳом моҳирона корбурд шудааст. ققطنملاب لكوم ءلابلا مهلو (1, 207). Тарҷума: Гуфтаанд: бало ба сари инсон аз ҷабри сухан аст. Дар мисоли боло вожаи « قطنملا» (мантиқ, сухан) ба « ءلابلا» (бало) ташбеҳ шудааст, яъне санъати ташбеҳи киноя истифода шудааст. Илова бар ин, адоти ташбеҳ корбурд нашудааст. Муодили тоҷикӣ: Захми тир бар тан асту захми сухан бар ҷон. Заҳри чӯб мебарояд, заҳри забон намебарояд. Аз захми забон захми табар беҳ. هلوق بلخلا قرب م (1, 211). Яъне: Гуфтаанд: раъду барқи равшан. Дар зарбулмасали боло ҳадафи асосӣ киноя аст. Зарбулмасал бо мақсади пичинг гуфта шуда, хабари бардурӯғ, сухани беасос ва амали бенатиҷа ба назар мерасад. Муодили тоҷикӣ: Абри беборон. Олими беамал мисли занбӯри беасал. Чормағзи пуч. Беди бемева. انأ لا لخبی يتيب مهلوق (1, 215). Тарчума: Гуфтаанд: хонаам бахилӣ мекунад, на ман. Дар мисоли боло санъатҳои тазод ва истиора хуб истифода шудааст. Вожаи «يتيب» (хонаам) ба « انأ» (ман) муқобил гузошта шудааст. Аммо аз сӯи дигар санъати истиора низ моҳирона истифода гардида, ибораи « لخبی يتيب» (хонаам бахилӣ мекунад) киноя ба соҳибистиора аст. Ҳикмати зарбулмасал ин аст, ки шахси бахил ҳарчанд бо бахилӣ машҳур аст, аммо ӯ ин хислати худро эътироф намекунад. فكلا شطبت دعاسلاب مهلوق (1, 215). Тарҷума: Гуфтаанд: дастро каф боз медорад. 74 Масали мавриди назарро адиб чунин шарҳ медиҳад: «Шахси нотавон бо мақсади кӯмак ба орзуи қудрат ва тавоноӣ ғарқ мешавад, аммо омиле ӯро аз ин амали нек боз медорад» (1, 215). Ин ҷо калимаҳои « دعاس» (даст, китф) ва « فكلا» (каф) ба ҳам муқобил гузошта шуда, вожаи « دعاس» киноя аз тавоноӣ ва «فكلا» аз нотавонӣ аст. Яъне, санъатҳои тазод ва киноя истифода шудаанд. Муодили тоҷикӣ: Чашмам бинову дастам кӯтоҳ. Ҳамин тариқ, зарбулмасалу мақолҳои арабӣ ҳанӯз аз замонҳое, ки меъёри хаттӣ ва қонуну қавоиди назму наср вуҷуд надошт, арзи ҳастӣ доштанд ва мардум ҳамчун маншаи иттилоъ ва гуфтугӯ аз онҳо истифода мебурданд. Қадимтарин зарбулмасалу мақолҳо, ки маънои аслии худро гум накардаанд, то ҳол мавриди истифода буда, тавассути беҳтарин санъатҳои бадеӣ тасвир шудаанд. Нақши санъатҳои бадеӣ дар хушоҳангиву пурмӯҳтавоӣ ва ҷозибанокии зарбулмасал ва мақол хеле муҳим аст. Ва санъатҳои мухталифи дар боло таҳқиқшуда гувоҳи онанд, ки ағлаби зарбулмасалу мақолҳои арабӣ дорои чунин хусусияти баланди бадеӣ ҳастанд. Санъатҳое, ки мавриди тадқиқу баррасии мо буданд, ҳукми қатрае аз баҳрро доранд, зеро санъатҳои дигари маънавию лафзӣ дар «Ҷамҳарату-л-амсол» фаровон истифода шудааст. Саҳми санъатҳои бадеӣ дар ифодаи мазмуну ғояи зарбулмасалу мақолҳои «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ назаррас ва намоён аст. Пайнавишт: 1. Абӯҳилол-ал-Аскарӣ. Ҷамҳарату-л-амсол. Бо кӯшиши Муҳаммад Абулфазли Иброҳим ва Абдулмаҷид Қатомиш. - Қоҳира: Дору-л-маориф, 1964. – 486 с. 2. Тӯрақул Зеҳнӣ. Санъати сухан. - Душанбе: Адиб, 2007. - 400 с. 3. Худои Шарифов. Балоғат ва суханварӣ. Душанбе: Ирфон, 2002. - 278 с.